11 медал дар чемпионати Осиё

Сайт

ДУШАНБЕ, 10.09.2024. Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии бокси Осиё байни наврасону мактаббачагон, ки дар шаҳри Ал-Айни Имороти Муттаҳидаи Араб баргузор шуд, 11 медал (4 тилло, 1 нуқра ва 6 биринҷӣ) ба даст оварданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Раёсати тарбияи ҷисмонӣ ва рушди варзиши Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Мусобиқа аз 27 август то 10 сентябр баргузор шуд, ки дар он Анӯшервон Сиддиқов (33 кг) ва Акбарҷон Абдуллоев (58 кг) миёни мактаббачагони Тоҷикистон бо медалҳои тилло мукофотонида шуданд. Илова бар ин, Дилшод Сиҷаев дар вазни 35 кг медали биринҷӣ, Фирӯзҷон Бойматов дар вазни 37 кг медали нуқра ба даст оварданд.

Дар байни наврасон Фариноз Абдуллоева (54 кг) ва Билолҷон Иқсанов (54 кг) медалҳои тилло гирифтанд. Мино Аъзамзода (60 кг), Амирбек Маҳрамов (52 кг), Абубакр Азизов (57 кг), Сорбон Нурализода (66 кг) ва Умарҷон Асроров (63 кг) медалҳои биринҷӣ гирифтанд.

Федератсияи бокси Тоҷикистон ба ин чемпионат рӯйхати пурраи 27 нафар (14 муштзан байни мактаббачагон ва 13 нафар миёни наврасон) фиристод. Онҳоро мураббиён Саидхоҷа Маъмуров, Тоирҷон Ағлухов, Эмомалӣ Малаев, Рустам Музаффаров, Улфатшоҳ Ҳошимов, Ҳасан Мусоев ва Хуршед Абдуллоев ҳамроҳӣ мекарданд. Дар ин мусобиқа Акмалҷон Абдуллоев низ ба ҳайси довар ширкат дошт.

Ёдовар мешавем, ки дар чемпионат байни мактаббачагон 149 варзишгар аз 24 кишвари қора ширкат доштанд.

ДАР СУРАТ: Федерацияи бокси Тоҷикистон

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *